Тоҷики
Sorah Al-Ghashiya ( The Overwhelming )
Verses Number 26
Оё достони ғошия ба ту расидааст?
Дар он рӯз ваҳшат дар чеҳраҳо падидор аст,
талошкардаву ранҷдида
дар оташи сӯзон дарафтанд,
аз он чашмаи бисёр гарм обашон диҳанд,
таъоме ғайри хор надоранд,
ки на фарбеҳ мекунад ва на дафъи гуруснагӣ.
Ва дар он рӯз чеҳраҳое тоза бошанд,
аз кори худ хушнуд,
дар биҳиште олимақом,
ки дар он сухани беҳуда нашнавӣ
ва дар он чашмасорҳо равон бошад
ва тахтҳое баланд зада
ва кӯзаҳое ниҳода
ва болишҳое дар канори ҳам чида
ва фаршҳое паҳн карда.
Оё ба шутур наменигаранд, ки чӣ гуна офарида шуда?
Ва ба осмон, ки чӣ гуна бардошташуда?
Ва ба кӯҳҳо, ки чӣ гуна баланд кашидашуда?
Ва ба замин, ки чӣ сон густурда шуда?
Пас панд деҳ ки ту панддиҳандае ҳастӣ.
Ту бар онон фармонраво нестӣ.
Магар он кас кӣ рӯйгардон шуд ва кофир шуд.
Пас Худояш ба азоби бузургтар азоб мекунад.
Албатта бозгашташон ба сӯи Мост.
Сипас ҳисобашон бо Мост.