Тоҷики
Sorah Al-Infitar ( The Cleaving )
Verses Number 19
Он гоҳ, ки осмон бишикофад
ва он гоҳ ки ситоратон пароканда шаванд
ва он гоҳ, ки дарёҳо ба ҳам бипайванданд
ва он гоҳ, ки қабрҳо зеру забар (шикофта) гардаид,
ҳар кас медонад, чӣ чиз пешопеш фиристода ва чӣ чиз бар ҷой гузоштааст.
Эй одамӣ, чӣ чиз туро ба Парвардигори каримат мағрур кардааст? (фирефтааст).
Он кӣ туро биёфарид, ва аъзоят дуруст кард ва туро мӯътадил қомат кард.
Ва ба ҳар сурате, ки хост, аъзои туро ба ҳам андохт (таркиб дод).
Не, не шумо рӯзи ҷазоро дурӯғ меҳисобед.
Ҳол он ки бар шумо муҳофизоне (фариштагоне) вобаста шудаанд:
котибоне бузургвор
медонанд, ки шумо чӣ мекунед.
Албатта некӯкорон дар неъматанд
ва гуноҳкорон дар ҷаҳаннам!
Дар рӯзи шумор (қиёмат) ба ҷаҳаннам дароянд
ва аз он ғоиб нашаванд
Ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?
Боз ҳам ту чӣ донӣ, ки рӯзи шумор чист?
Рӯзест, ки касе барои каси дигар ҳеҷ коре натаванад кард ва дар он рӯз фармон фармони Худо бошад.