Тоҷики
Sorah Al-Haaqqah ( The Inevitable )
Verses Number 52
Он рӯзи барҳақ!
Чист он рӯзи барҳақ?
Ва чӣ донӣ, ки он рӯзи барҳақ чист?
Қавми Самуду Од рӯзи қиёматро дурӯғ бароварданд.
Аммо қавми Самуд ба он бонги сахт ҳалок шуданд.
Ва аммо қавми Од бо вазиши боли сар-сяр (сахт) ба ҳалокат расиданд.
سَخَّرَهَا عَلَيْهِمْ سَبْعَ لَيَالٍ وَثَمَانِيَةَ أَيَّامٍ حُسُومًا فَتَرَى الْقَوْمَ فِيهَا صَرْعَى كَأَنَّهُمْ أَعْجَازُ نَخْلٍ خَاوِيَةٍ ↓
Он азобро ҳафт шабу ҳашт рӯз пай дар пай бар онон фиристод. Он қавмро чун танаҳои пӯсидаи хурмо медидӣ, ки афтодаанду мурдаанд,.
Оё касеро мебинӣ, ки аз онҳо бар ҷой монда бошад?
Ва Фиръявну мардуме, ки пеш аз ӯ буданд ва низ мардуми Мӯътафиқа гунаҳкор омаданд,
Фиристодаи Парвардигорашонро нофармонӣ карданд ва Худо низ ононро ба сахтӣ фуру гирифт,
Чун об туғён кард, шуморо ба киштӣ савор кардем,
то онро мояи пандатон гардонем ва гӯшнигаҳдорандаи панд онро фаро гирад.
Чун як бор дар сур дамида шавая
ва замину кӯҳҳоро баргиранд ва якбора дар ҳам кӯбанд,
он рӯз он ҳодиса ба вуқӯъ пайваста бошад
ва осмон, ки дар он рӯз суст шудааст, бишикофад.
Ва фариштагон дар атрофи осмон бошанд, Ва дар он рӯз ҳашт тан аз онҳо арши Парвардигоратро бар болои сарашон мебардоранд.
Он рӯз шуморо пеш оваранд ва ҳеҷ чизи шумо ниҳон намонад.
Аммо ҳар кас, ки номаи аъмолашро ба дасти росташ диҳанд, мегӯяд: «Ном'аи маро бигиреду бихонед.
Ман яқин доштам, ки ҳисоби худро хоҳам дид».
Пас ӯ дар як зиндагии писандидаву хуш хоҳад буд
дар биҳиште олӣ,
ки меваҳояш наздикшаванда бошад.
Бихӯреду биёшомед, гуворо бод шуморо. Инҳо мукофоти амалҳоест, ки дар айёми гузашта ба ҷой меовардаед!»
Аммо он кас, ки номаи аъмолашро ба дасти чапаш диҳанд, мегӯяд: «Эй кош,, номаи маро ба дасти ман намедоданд
ва надониста будам, ки ҳисоби ман чист!
Эй кош, ҳамон марг мебуду бас!
Дороии ман маро фоида набахшид,
қудрати ман аз дасти ман бирафт!»
«Бигиредаш, занҷираш кунед!
Ва ба ҷаҳаннамаш дараред!
Ва ӯро бо занҷире ба дарозии ҳафтод зироъ (аз оринҷ то ангушт) бикашед!
Зеро ба Худои бузург имон надошт
ва ба таъом додан ба мискинон касеро тарғиб намекард.
Дар он рӯз дар он ҷо ҳеҷ дӯсте нахоҳад дошт.
Таъомаш чизе ғайри чирку хуни аҳли дӯзах нест,
Танҳо хатокорон аз он таъом мехӯранд,
Пас савганд ба он чи мебинед
ва он чӣ намебинед,
ки ин сухани фиристодае бузургвор аст,
на сухани шоире. Чӣ андак имон меоварад!
Ва низ сухани коҳине (фолбин, ҷодугар) нест. Чӣ андак панд мегиред!
Аз ҷониби Парвардигри ҷаҳониён нозил шуда аст.
Агар паёмбар баъзе суханонро бофта бар мо мебаст, («аз ҷониби худост» — мегуфт).
бо қудрат ӯро фурӯ мегирифтем,
сипас раги дилашро пора, мекардем
ва ҳеҷ як аз шуморо тавони он набувад, ки монеъ шавад.
Ва Қуръон барои парҳезгорон пандест.
Мо медонем, ки аз миёни шумо касоне ҳастанд, ки такзиб мекунанд, (дурӯғ мешумуранд).
Ва Қуръон кофиронро мояи пушаймонӣ аст.
Ва он сухани ҳақ ва яқин аст.
Пас ба номи Парвардигори бузургат тасбеҳ (бигӯй.