Тоҷики
Sorah Al-Qamar ( The Moon )
Verses Number 55
Қиёмат наздик шуд ва моҳ дупора гардид.
Ва агар мӯъҷизае бубинанд, рӯй бигардоданд ва гӯянд: «"Ҷодуе бузург аст!»
Ва дурӯғ мепиндоранд ва аз паи ҳавоҳои худ мераванд. Ва ҳар коре дар вақти худ қарор гирифтааст.
Ва барояшон хабарҳое омадааст, ки дар онҳо пандаст.
Ҳикматест тамом. Вале бимдиҳандагон судашон надиҳанд.
Пас дар он рӯз, ки оя даъваткунандга ононро ба чизе нохуш даъват кунад, аз онҳо рӯйгардон шав.
Нишони зиллат (хори) дар чашмонашон ошкор аст. Чун малахҳое пароканда аз қабрҳо берун меоянд.
Сарҳоро боло гирифта ба сӯи он даъваткунанда мешитобад. Кофирон мегӯянд: «Ин рӯзи душворест!»
Пеш аз инҳо қавми Нӯҳ такзиб карда (дурӯғ бароварда) буданд. Бандаи Моро такзиб карданду гуфтанд: «Девона аст! «Ва ба дашномаш ронданд.
Ва Парвардигорашро дуъо кард: «Ман мағлуб шудаам, интиқом бигир!»
Ва мо низ дарҳои осмонро ба рӯи обе, ки ба шиддат мерехт, кушодем.
Ва аз замин чашмаҳо шикофтем то об ба он миқдор, ки андоза шуда буд, гирд омад.
Ва ӯро бар он киштӣ, ки тахтаҳову мехҳо дошт, савор кардем.
Зери назари Мо равон шуд. Ин буд ҷазои касоне, ки бовар надошт.
Ва албатта он киштиро нишонае сохтем. Оё ҳеҷ пандгирандае ҳаст?
Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
Қавми Од такзиб карданд. Пас азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
Мо бар онҳо дар рӯзе наҳсу тӯлонӣ боде сахт фиристодем,
ки мардумонро аз замин ҳамонанди решаҳои аз ҷой кандаи нахл бармеканд.
Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
Қавми Самуд бимдиҳандагонро такзиб карданд.
Гуфтанд: «агар аз инсоне монанди худ пайравӣ кунем, гумроҳу девона бошем!
Оё аз миёни ҳамаи, мо каломи Худо ба ӯ нозил шудааст? На, ӯ дурӯғгӯе худхоҳ аст».
Фардо хоҳанд донист, ки дурӯғгӯи худхоҳ кист!
Мо он модашутурро барои озмоишашон мефиристем. Пас мунтазирашон бош ва сабр кун!
Ва ба онҳо бигӯй, ки об миёнашон тақсим шуда. Навбати ҳар кӣ бошад, ӯ ба сари об меравад.
Ёрашонро нидо доданд ва ӯ шамшер баргирифту онро бикушт.
Азобу бим доданҳои Ман чӣ гуна буд?
Мо бар онҳо як овози даҳшатнок фиристодем. Пас ҳамонанди он алафҳои хушки огили гӯсфанд шуданд.
Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
Қавми Лут бимдиҳандагонро такзиб карданд.
Мо бар онҳо боде регбор фиристодем, ғайри хонадони Лут, ки онҳоро саҳаргоҳ раҳонидем.
Неъмате буд аз ҷониби Мо ва ононро, ки сипос гӯянд, чунин музд диҳем.
Аз интиқоми сахти Мо тарсонидашон, вале бо бимдиҳандагон ба ҷидол (хусумат) бархостанд.
Аз меҳмони ӯ коре зишт хостанд. Мо низ чашмонашонро кур гардонидем. Пас бичашед азобу бим доданҳои Маро!
Албатта бомдодон азобе пойдор ба сарвақташон омад.
Пас азоби Ман ва бим доданҳои Маро бичашед!
Ва ин Қуръонро осон кардем, то аз он панд гиранд. Оё пандгирандае ҳаст?
Бимдиҳандагон назди хонадони Фиръавн омаданд.
Ҳамаи оёти Моро такзиб карданд. Мо низ онҳоро фурӯ гирифтем, чун фурӯ гирифтани ғолибе пурқудрат.
Оё кофирони шумо аз онҳо нерӯмандтаранд ё дар китобҳо омадааст, ки дар амон ҳастед?
Ё мегӯянд, ки мо ҳамаги ба интиқом бармехезем?
Ба зудӣ он ҷамъ мунҳазим шавад (шикаст хӯрад) ва пушт карда бозгарданд.
Балки ваъдагоҳи онҳо қиёмат аст ва қиёмат сахттару талхтар аст.
Гунаҳкорон дар гумроҳиву ҷаҳолатанд.
Рӯзе, ки онҳоро ба рӯяшон дар ҷаҳаннам кашанд, ки бичашед азоби сақарро (дӯзахро)!
Мо ҳар чизро ба андоза офаридаем!
Фармони Мо танҳо як фармон аст, он ҳам чашм бар ҳам заданест.
Касонеро, ки монанди шумо буданд, ҳалок кардем. Оё пандгирандае ҳаст?
Ҳар коре, ки кардаанд, дар дафтарҳост.
Ҳар кори бузургу хурде навишта шудааст.
Парҳезгорон дар боғҳову канори ҷӯйборонанд,
дар ҷойгоҳе писандида назди фармонравои тавоно!