Тоҷики
Sorah Al-Ma'un ( Small Kindnesses )
Verses Number 7
Оё онро, ки рӯзи ҷазоро дурӯғ мешумурад, дидӣ?
Ӯ ҳамон касест, ки ятимро ба иҳонат (хорӣ) меронад
ва мардумро ба таъом додан ба бенаво тарғиб намекунад.
Пас вой бар он намозгузороне,
ки дар намози худ саҳл ангоранд (дар ғафлатанд),
онон, ки риё мекунанд
ва аз додани закот саркашӣ мекунанд.