Тоҷики
Sorah Al-Humazah ( The Slanderer )
Verses Number 9
Вой бар ҳар ғайбаткунандаи айбҷӯе,
он ки моле ҷамъ кард ва ҳисоби он нигаҳ дошт.
Мепиндорад, ки дороияш ҷовидонаш гардонад.
На чунин аст! ки Ӯро дар ҳутамаҳ андозанд.
Ва ту чӣ донӣ, ки ҳутамаҳ чист?
Оташи афрӯхтаи Худост,
ки бар дилҳо ғалаба меёбад.
Он оташ аз ҳар сӯ дар миёнашон гирифтааст,
дар сутунҳои дарози оташӣ дароварда шудааст.