Тоҷики
Sorah Al-Qari'ah ( The Striking Hour )
Verses Number 11
Қориъаҳ.
Чист қориъаҳ?
ва ту чӣ донӣ, ки қориъаҳ чист?
Рӯзест, ки мардум чун парвонагон пароканда бошанд
ва кӯҳҳо чун пашми задашуда.
Аммо ҳар кӣ паллаи некиҳои тарозуяш вазнин бошад,
Пас ӯ дар айши писандида бошад.
ва аммо ҳар кӣ сабук шуд паллаи некиҳои тарозуяш
ҷойгоҳаш дар ҳовияҳ аст.
Ва ту чӣ донӣ, ки ҳовияҳ чист?
Оташест дар ниҳояти гармӣ.